Қарори маҷлиси олии ҷУМҲурии тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ


с. 1
ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи авфи умумӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998,

23-24, мод. 328)


Ба муносибати ҳафтумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яксолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назардошти принсипи башардӯстӣ ва мувофиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:

  1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, сарфи назар аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зайл аз ҷазо озод карда шаванд:

а) занон;

б) мардони аз 50 – сола боло;

в) маъюбони гурӯҳҳои I ва II;

г) иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;

д) ноболиғон;

е) ашхосе, ки бо ордену медалҳои СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд;

ж) ашхосе, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли ҳизматро тарк кардаанд, дезертирӣ кардаанд ё ашхосе, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.


  1. Маҳкумшудагоне, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудан ба мӯҳлати то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.

  2. Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят ба мӯҳлати то панҷ соли пурра аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.

  3. Маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ марум гардида, ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб кардан шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.

  4. маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ маҳруб гардида, мӯҳлати иҷрои ҳукми онҳо маъқуф гузошта шудааст, онҳое, ки аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ ба шарти ҳатман ба меҳнат ҷалб гардидан озод шудаанд, инчунин онҳое, ки ба дигар ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.

  5. Тафтиши ҳамаи парвандаҳои тафтишотӣ ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:

а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин қарор аз тарафи

ашхоси дар банди 1 ҳамин қарор номбаршуда содир гардидаанд;

б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ вобастанабударо пешбинӣ намудааст;

в) нисбати ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрумӣ аз озодиро ба мӯҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст;

г) нисбати ашхосе, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ намудааст.



  1. Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои ашхоси зерин кам карда шавад:

а ) онҳое, ки барои содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати то даҳ соли пурра аз

озодӣ маҳрум шудаанд – нисфи мӯҳлати ҷазо;

б) онҳое, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардан маҳкум шудаанд, новобаста аз мӯҳлати ҷазо – аз се ду ҳисса;

в) онҳое, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд – сеяки мӯҳлати ҷазо.



  1. Ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1,3 ва зербандҳои «а» ва «г» банди 6 ҳамин қарор татбиқ карда нашаванд:

а) барои ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатӣ бо моддаҳои 61-70;

б) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 74; 75 қ.2; 76 қ.2,3; 89 қ.4; 90 қ.4; 91 қ.2; 95 қ.2,3; 99 қ.2; 104; 105; 111 қ.2; 121; 135 қ.3; 156 қ.2; 160 қ.3; 161 қ.3; 186 қ.2,3; 187 қ.2; 1871 қ.2; 220 қ.3; 227 қ.3; 234 қ.2; 240; 2401; 2402; 241; 242; 250 б. «в»; 252 б. «б»; 261 б. «в»; 270 б. «в»; 271; 276; 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ба ашхосе, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 ҷиноятҳои зеринро содир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1,3 зербандҳои «а» ва «г» банди «б» ҳамин қарор татбиқ карда намешавад:

- барои ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; барои ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи моддаҳои 104; 110 қ.2,3; 130; 131 қ.3; 138; 139 қ.3; 179; 181; 184 қ.3; 186; 195 қ.2,3,4; 199 қ.Қ4; 200; 201; 202; 203 қ.3; 204; 205 қ.2; 244 қ.3,4; 245 қ.4; 248 қ.2,3,4; 249; 250 қ.2,3,4; 252 қ.2; 357; 368; 369 қ.2,3; 370 қ.2,3; 382; 386 қ.4; 391 қ.2,3,4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) ашхоси рецидевисти махсусан хавфнок;

д) онҳое, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ ё бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;

е) ашхосе, ки режими нигаҳдориро барқасдона вайрон кардаанд.


  1. Ба ашхосе, ки нисбати онҳо дар қатори ҷазо барои содир намудани ҷиноят чораҳои маҷбурии табобатӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои олоти таносул таъин гардидаанд ва бояд мутобиқи қарори мазкур аз ҷазо озод карда шаванд, санади авф пас аз ба итмом расидани курси пурраи табобат мавриди иҷро қарор дода мешавад.

  2. Таҳти амали қарори мазкур ашхосе қарор мегиранд, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин қарор ҷиноят содир намудаанд.

  3. Ҳамин тариқ қарор пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода мешавад ва дар давоми шаш моҳ мавриди иҷро қарор гирад.


Раиси Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998

706



ҚАРОРИ


МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тартиби татбиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи авфи умумӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998,

23-24, мод. 329)

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:


  1. Иҷрои Қарори Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба зиммаи инҳо гузошта шавад:

а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар иштиёрашон мебошад.

Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;

б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;

в) ба зиммаи судҳо:

нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;

нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таърих андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рӯи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);

нисбати ашхосе, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);

нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);


г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:

нисбати ашхосе, ки ҳукмро нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;

нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян;

д) ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ – нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.



  1. Қарори татбиқ ё татбиқ накардани санади авф барои ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.

  2. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ қабул мекунанд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.

Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.

  1. Адои ҷазо дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бе маҳрумият аз озодӣ аз рӯзи баровардани қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи татбиқи санади авф, ки прокурор тасдиқ кардааст, қатъ мегардад.

  2. Ҳангоми татбиқи санади авф нисбати ашхосе, ки мӯҳлати ҷазояшон бо тартиби бахшиши ҷазо ё авф кам карда шудааст, мӯҳлати ҷазое, ки мутобиқи санади бахшиши ҷазо ё авф муқаррар гардидааст, ба инобат гирифта шавад.

  3. Ашхосе, ки таҳти авф қарор мегиранд, ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд, агар ҷазои иловагӣ то рӯзи эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф адо нагардида бошад.

  4. мутобиқи банди 7 Қарор дар бораи авф қисми мӯҳлати ҷазо, ки то рӯзи эътибор пайдо кардани қарори номбаршуда адо нагардидааст, кам карда мешавад.

  5. маводи ашхосе, ки таҳти амали Қарор дар бораи авф қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои олоти таносул таъин гардидааст, дар давраи иҷрои қарори зикршуда баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.

Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зӯҳравӣ маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати ашхосе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.

  1. Вайронкунандагони барқасди режими нигаҳдорӣ маҳкумшудагоне ҳисобида мешаванд, ки мунтазам талаботи режимро вайрон мекунанд ва вобаста ба вазнинии вайронкунии содиркардаашон камаш се ҷазои интизомии мӯҳлаташ адонашуда ё бекорнашуда дошта бошанд.

  2. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи санади авф пас аз мӯҳлати шашмоҳаи пас аз санаи эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 ҳамин Қарор иҷро карда мешавад.

  3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мӯҳлати амали Қарори авф ба Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.


Раиси Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998

707



ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О всеобщей Амнистии



(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 год,

23-24, ст. 328)

В честь седьмой годовщины независимости Республики Таджикистан и годовщины подписания Общего Соглашения об установлении мира и национального согласия в Республике Таджикистан, руководствуясь принципом гуманизма и в соответствие со статьей 49 Конституции Республики Таджикистан, Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Освободить от наказаний, не связанных с лишением свободы независимо от назначенного срока наказания, а также от наказаний, не связанных с лишением свободы, осужденных:

а) женщин;

б) мужчин старше 50 лет;

в) инвалидов I и II групп;

г) участников и ветеранов Великой Отечественной Войны и лиц, приравненных к ним, участников и ветеранов боевых действий на территории других государств;

д) несовершеннолетних;

е) лиц, награжденных орденами и медалями СССР и Республики Таджикистан;

ж) лиц, уклонившихся от очередного призыва на действительную военную службу, совершивших самовольную отлучку, самовольное оставление части или места службы, дезертирство, и лиц, уклонившихся от воинской службы путем членовредительства или иным способом.

2. Освободить от наказания лиц, осужденных за неосторожные преступления на срок до десяти лет включительно.

3. Освободить от наказания в виде лишения свободы осужденных за умышленные преступления на срок до пяти лет включительно.

4. Освободить от наказания лиц, условно осужденных к лишению свободы с обязательным привлечением к труду.

5. Освободить от наказания лиц, условно осужденных, осужденных к лишению свободы с отсрочкой исполнения приговора, условно освобожденных из мест лишения свободы с обязательным привлечением к труду, а также осужденных к иным наказаниям, не связанным с лишением свободы.

6. Прекратить производством все следственные дела и дела, на рассмотренные судами:

а) о преступлениях, совершенных до вступления в силу настоящего постановления лицами, перечисленными в пункте 1 настоящего постановления;

б) о преступлениях, за которые Уголовным кодексом Республики Таджикистан предусмотрено наказание, не связанное с лишением свободы;

в) в отношении лиц, совершивших преступления по неосторожности, за которые Уголовным кодексом Республики Таджикистан предусмотрено наказание лишением свободы на срок до десяти лет;

г) в отношении лиц, совершивших умышленное преступление, за которые Уголовным кодексом Республики Таджикистан предусмотрено наказание лишением свободы на срок до пяти лет.

7. Сократить не отбытый срок наказания:

а) лицам, осужденным за умышленные преступления к лишению свободы на срок до десяти лет включительно – наполовину;

б) лицам, осужденным за неосторожные преступления, независимо от срока наказания – на две трети;

в) лицам, осужденным за умышленные преступления к лишению свободы на срок до пятнадцати лет – на одну треть.

8. Не распространять действие пунктов 1, 3 и подпунктов «а» и «г» пункта 6 настоящего постановления на лиц, привлеченных к уголовной ответственности или осужденных:

а) за особо опасные государственные преступления, предусмотренные статьями 61-70;

б) за преступления, предусмотренные статьями 74; 75 ч.2; 76 ч.2,3; 89 ч.4; 90 ч.4; 91 ч.2; 95 ч.2,3; 96; 99 ч.2; 104; 105; 111 ч.2; 121; 135 ч.3; 156 ч.2; 160 ч.3; 161 ч.3; 186 ч.2,3; 187 ч.2; 1871 ч.2; 220 ч.3; 227 ч.3; 234 ч.2; 240; 2401;2402; 241; 242; 250 п.«в»; 252 п.«б»; 261 п.«в»; 270 п. «в»; 271; 276; 277 Уголовного кодекса Республики Таджикистан;

в) на лиц, совершивших преступления после 1 сентября 1998 года и привлеченных к уголовной ответственности или осужденных, действия пунктов 1,3 и подпунктов «а» и «г» пункта 6 настоящего постановления не распространяются:

- за преступления против основ конституционного строя и безопасности ст. ст. 305 – 313; за преступления, предусмотренные статьями 104; 110 ч.2,3; 130;131 ч.3; 138; 139 ч.3; 179; 181; 184 ч.3; 186; 195 ч.2,3,4; 199 ч.4; 200; 201; 202; 203 ч.3; 204; 205 ч.2; 244 ч.3,4; 245 ч.4; 248 ч.2,3,4; 249; 250 ч.2,3,4; 252 ч.2; 357; 368; 369 ч.2,3; 370 ч.2,3; 382; 386 ч.4; 391 ч.2,3,4 Уголовного кодекса Республики Таджикистан.

г) признанных особо опасными рецидивистами;

д) ранее освободившихся от наказания в порядке помилования или амнистии и вновь совершивших умышленные преступления, если срок давности преступления, за которые была применена амнистия или помилование, не источено;

е) злостно нарушающих режим содержания.

9. К лицам, в отношении которых наряду с наказанием за совершенное преступление назначены меры принудительного лечения от алкоголизма, наркомании или венерических заболеваний и подлежащим освобождению от наказания в соответствии с настоящим постановлением, акт амнистии применяется по окончании полного курса лечения.

10. Под действие настоящего постановления подпадают лица, привлеченные к уголовной ответственности следственными органами или осужденные судами Республики Таджикистан и совершившие преступления до вступления в силу настоящего постановления.

11.Настоящее постановление вступает в силу после его официального опубликования и подлежит исполнению в течение шести месяцев.

Председатель Маджлиси

Оли Республики Таджикистан С. Раджабов

Душанбе, 13 ноября 1998 года,

706




ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН



О порядке применения Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О всеобщей амнистии»
(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 год,

23-24, ст. 329)


Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Возложить исполнение Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О всеобщей амнистии»:

а) на органы, ведающие исполнением наказания, - в отношении осужденных находящихся в местах лишения свободы, а также в отношении лиц, условно осужденных к лишению свободы с обязательным привлечением в труду и условно освобожденных к лишения свободы с обязательным привлечением к труду.

Использование Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О всеобщей амнистии» (далее по тексту – Постановление об амнистии) производится по постановлению начальника органа ведающего исполнением наказания, и санкционированному прокурором.

б) на органы дознания и предварительного следствия – в отношении лиц, дела и материалы о преступлениях которых находятся в производстве этих органов;

в) на суды:



  • в отношении лиц, дела и материалы, о преступлениях которых находятся в производстве судов и не рассмотрены до вступления Постановления об амнистии в силу, а также в отношении лиц, дела о преступлениях которых рассмотрены, но приговоры не вступили в законную силу;

  • в отношении осужденных; исполнение приговоров, на которых отсрочено, и лиц, условно осужденных (вопрос о применении акта амнистии решает суд, вынесший приговор по представлению органа внутренних дел, осуществляющего контроль за поведением осужденного);

  • в отношении осужденных к штрафу, если до вступления в силу Постановления об амнистии штраф не взыскан (вопрос о применении акта амнистии решает суд, вынесший приговор);

  • в отношении лиц, условно досрочно освобожденных от наказания, и лиц, которым не отбытая часть наказания заменена более мягким наказанием до вступления в силу Постановления об амнистии (вопрос о применении акта амнистии решает суд, вынесший определение о применении условно досрочного освобождения или замене не отбытой части наказания более мягким наказанием);

г) на органы внутренних дел:

  • в отношении лиц, приговоры на которых вступили в законную силу, осужденных к лишению свободы, но не находящихся под стражей, либо лиц, условно осужденных к лишению свободы с обязательным привлечением к труду и не направленных к месту работы;

  • в отношении лиц, отбывающих наказание в виде исправительных работ без лишения свободы, лишения права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью;

д) на командование дисциплинарных воинских частей – в отношении военнослужащих, осужденных к направлению в дисциплинарные воинские части.

2. Решение о применении либо неприменении акта амнистии принимается в отношении каждого лица индивидуально.

3. Решения о применении акта амнистии, принятые органами дознания и предварительного следствия, органами внутренних дел, а также командованием дисциплинарных воинских частей, санкционируется прокурором.

При применении акта амнистии судами участие прокурора обязательно.

4. Отбывание наказания в виде исправительных работ без лишения свободы прекращается со дня вынесения органом внутренних дел постановления о применении акта амнистии, утвержденного прокурором.

5. При применении акта амнистии в отношении лиц, срок наказания которым был сокращен в порядке помилования или амнистии, следует исходит из срока наказания, установленного в соответствии с актами о помиловании или амнистии.

6. Лица, подпадающие под амнистию, освобождаются как от основного, так и от дополнительного наказания, если последнее не исполнено на день вступления в силу Постановления об амнистии.

7. В соответствии с пунктом 7 Постановления об амнистии сокращению подлежит часть срока наказания, не отбытая на день вступления указанного Постановления в силу.

8. Материалы на лиц, подпадающих под действие Постановления об амнистии, которым в рассматриваются в период исполнения указанного постановления, а решения об их освобождении приводятся в исполнение только после завершения осужденными полного курса лечения.

Основанием для признания завершенным курса лечения венерического заболевания осужденного является медицинское заключение, а в отношении лиц, которым назначено судом принудительное лечение от алкоголизма или наркомании, - определение суда о прекращении принудительного лечения.

9. Злостными нарушителями режима содержания следует считать осужденных. Которые систематически нарушают требования режима и которые имеют не менее трех непогашенных или неснятых дисциплинарных взысканий, с учетом тяжести совершенных нарушений.

10. В случаях, если вопрос о применении акта амнистии возникает по истечении шестимесячного срока со дня вступления Постановления об амнистии в силу, оно исполняется в порядке, предусмотренном пунктом 1 настоящего постановления.



11.Верхному суду Республики Таджикистан, Генеральному прокурору Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству безопасности Республики Таджикистан отчет о его исполнении.

Председатель Маджлиси

Оли Республики Таджикистан С.Раджабов.
г. Душанбе, 13 ноября 1998 года,

707.
с. 1

скачать файл

Смотрите также: